Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Белград ҳеҷ гоҳ истиқлоли Косоворо намепазирад


Сербия ба Шӯрои Амнияти СММ гуфтааст, ки Белград ҳеҷ гоҳ истиқлоли Косоворо эътироф нахоҳад кард. Вазири корҳои хориҷии Сербия Вук Еремич дар ҷаласаи фавқулодаи Шӯрои Амният изҳор намуд, ки Сербия тамоми имконоти иқтисодӣ, сиёсӣ ва дипломатиро барои таваққуфи ҷудошавии Косово истифода мебарад.
Ӯ бори дигар таъкид кард, ки Белград аз хушунат кор нахоҳад гирифт.
Эҳтимол рӯзҳои оянда аксарияти албанитабори Косово истиқлоли ин устон аз Сербияро эълон намояд.
Пеш аз он ҳукумати Сербия эълон карда буд, ки ҳар гуна изҳороти якҷонибаи истиқлоли Косово пояи шаръӣ нахоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG