Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Путин ба Ғарб ришханд зад


Президенти Русия, Владимир Путин, дар охирин нишасти хабарии солонааш ба ҳайси президент дар Маскав имрӯз гуфт, ҳашт соли раёсати ӯ Русияро мӯътамадтар, ғанитар ва амнтар кардаанд. Дар нишасте, ки ба таври рекордӣ қариб панҷ соат давом кард, Путин ҳамлаварона ва бо ришханд танқидҳои Ғарбро дар нисбати сиёсатҳои худ рад кард. Вай тарҳи истиқрори сипари зиддимушакии Амрико дар Аврупоро таҳдиде ба кишвари хеш номид. Вай такрор кард, ки агар ин тарҳ амалӣ гардад, Маскав маҷбур хоҳад буд, ба он посух диҳад.
XS
SM
MD
LG