Пайвандҳои дастрасӣ

Мудири минтақавии WHO ба Душанбе меравад


Марк Данзон - мудири минтақавии Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт рӯзи якшанбе 17 феврал ба Тоҷикистон сафар ва роҷеъ ба бӯҳрони пешомада дар ин кишвар бо мақомоти расмӣ ва намояндагони Созмони Милал гуфтӯгу мекунад. Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт мегӯяд, сармои қаҳратун ва ҳамзамон норасоии нерӯи барқ авзоъи бахши беҳдоштиро ниҳоят вазнин ва сиҳатии ҳазорон нафарро ба хатар дучор кардааст. Марк Данзон - мудири умури Аврупо дар Созмони Ҷаҳнии Беҳдошт гуфтааст, ҳар кори мумкинро бояд кард, то бемористонҳои Тоҷикистон муназзам бо доруворӣ ва нерӯи барқ таъмин бошанд. Бар асоси иттилоъи гурӯҳи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар Тоҷикистон, баъзе аз бемористонҳои ноҳиявии вилояти Суғд холӣ шудаанд, зеро беморон утоқҳои сарди тоқатфарсои он бемористонҳоро тарк кардаанд. Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт мегӯяд, баъди арзёбиҳо барои расидагӣ ба ниёзмандиҳои фаврии бемористону дигар муассисаҳои тиббӣ кӯмак хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG