Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷамоъати Учқурғони ноҳияи Қадамҷо, воқеъ дар вилояти Ботканди Қирғизистон, дар ҳудуди даҳ деҳаи хурду бузургро муттаҳид намудааст, ки гуфта мешавад, нуфуси бештари онро тоҷиктаборон ташкил мекунанд.

Аббосҷон Мадазимов, раиси ҷамоъати Учқурғон тайи як сӯҳбати ихтисосӣ бо радиои Озодӣ дар ин маврид гуфт, дар ҷамоъате, ки вай сарварӣ мекунад, дар се мактаб фарзандони аҳолии тоҷиктабор ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Вай афзуд, дар ин мактабҳо ҳамчунин фарзандони мардуми узбактабор низ таҳсил мекунанд, вале забони мактабҳои боқимандаи Учқурғон қирғизӣ, русӣ ва узбакист.

Аббосҷон Мадазимов гуфт, аксарияти омӯзгорони мактабҳои тоҷикии ҷамоъат хатмкунандагони донишгоҳҳои шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанди Тоҷикистонанд. Иддае аз омӯзгорон донишгоҳҳои омӯзгории шаҳрҳаи Фарғона, Ангрен ва Қӯқандро низ тамом кардаанд.

Ба гуфтаи раиси ҷамоъати Учқурғон, дар маҳалҳои тоҷикнишин расму оинҳои миллӣ ба хубӣ ҳифз шудаанд ва аксарияти маросимҳои мардум ба забони тоҷикӣ сурат мегиранд. Вай изофа намуд, ки ба манзури ҳифзи ҳар чи бештари расму ойинҳои миллии тоҷикӣ саҳми Маркази фарҳангии тоҷикон ба номи устод Рудакӣ, ки ҳануз 15 сол қабл дафтари худро дар маркази деҳаи Учқурғон ифтитоҳ намуда буд, хеле бузург аст. Бино ба суханони раиси ҷамоъат, баъзе тадбиру чорабиниҳо маҳз дар ҳамин марказ раҳандозӣ мешаванд.

Аббосҷон Мадазимов ҳамчунин бо ифтихор таъкид кард, ки ҷамоъати Учқурғон беш аз чиҳил доктор ва номзадҳои илмро низ зодаву парвардааст ва қисмати аъзами онҳо дар Қирғизистон ва ду кишвари ҳамҷавор –Тоҷикистон ва Узбакистон машғул ба фаъолият ҳастанд. Вай гуфт, аз ҷумла профессорони тиб Абдуҳалим Раҳимҷонов, Тулқин Муродалиев, Файзулло Йӯлдошев ва Мурод Додобоев фахри тоҷикони Учқурғонанд.

Раиси ҷамоъати Учқурғон зикр намуд, ки ба далели иқтисоди бозаргонӣ дар ҳамин ҳол ба таҳсили олӣ фаро гирифтани хатмкунандагони мактабҳои тоҷикӣ андак ба мушкилот рӯ ба рӯст. Зеро барои таҳсили шартномавӣ шароити иқтисодии як қишри ҷомеъа мусоидат наменамояд.

Аббосҷон Мадазимов рушди равобити фарҳангии Қирғизистон бо ҳамсоякишварҳои он - Тоҷикистону Узбакистонро дар мавриди рафъи ин мушкилот омили муҳим арзёбӣ кард. Ҳамсӯҳбатам ибрози умедворӣ кард, ки ҳамаи ин мушкилот муваққатӣ хоҳанд буд ва фориқуттаҳсилони мактабҳои тоҷикии Учқурғон ба донишгоҳҳои дилхоҳашон рафта шомил хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG