Пайвандҳои дастрасӣ

Теҳрон гуфтушунид бо Амрикоро мавқуф гузошт


Эрон гуфтушунидҳои тарҳрезишудаи мизи гирд бо Иёлоти Муттаҳидаро дар бобати таъмини амният дар Ироқ ба таъхир гузошт. Вазири умури хориҷии Ироқ, Ҳушёр Зебарӣ ба хабаргузории Роейтерз гуфтааст, Эрон сабаби ин таъхирро эълон накардааст. Вай афзуд, "ин бори чаҳорум аст, ки мо рӯзи мулоқотро таъмин мекунем, вале гуфтушунид баргузор намешавад." Мақомоти Иёлоти Муттаҳида ва Эрон соли гузашта се дафъа дар Бағдод дар масъалаи амнияти Ироқ дидору гуфтушунид доштанд. Вошингтон Теҳронро дар интиқоли аслиҳа ба ошӯбгарони шиъаи Ироқ ва таълими низомии онҳо айбдор кардааст ва Теҳрон ин иттиҳомро рад.
XS
SM
MD
LG