Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шурӯъ аз 14-уми феврал беш аз 80 дарсади мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии шаҳри Душанбе бе барқ мемонанд.

Ин амал дар пайи реҷаи интиқоли маҳдуди барқ дар кишвар, ки 7-уми феврали соли ҷорӣ ворид шуда буд, рӯи даст гирифта шудааст. Ҳамин тариқ, аз 112 мактаби дар пойтахти кишвар мавҷудбуда 78 адади он имрӯз аз барқ маҳрум мешаванд.
Масъули бахши маорифи шаҳри Душанбе Шамсулло Исломов, феълан аз маҷмӯъи макотиби шаҳри Душанбе танҳо 54 муассисаи омӯзишӣ тавассути Бунгоҳи гармидиҳии марказонидашудаи пойтахт бо гармӣ таъмин гардидаанд.
«Дар таҳти реҷаи интиқоли маҳдуди барқ қарор гирифта, имрӯзҳо дар макотиби пойтахт ҷиҳати бо гармӣ таъмин кардани синфхонаҳо аз усули мухталиф истифода мекунанд, - мегӯяд Ш. Исломов. – Мисол, барои ин дар 10 мактаб аз гармидиҳии мухтори буғӣ ва дар 11 муассисаи таълими ҳамагонӣ аз ҳезуму ангишт истифода шудааст. Танҳо дар 34 мактаби пойтахти кишвар, ки таҳти ин реҷа қарор нагирифтаанд, шабонарӯзӣ аз барқ истифода мешавад».
Лозим батазаккур аст, ки дар ҳоли ҳозир танҳо яктоӣ мактаб ва муассисаҳои томактабӣ (аз 23-ададӣ) дар ноҳияи Фирдавсӣ ва дутоӣ мактаби таҳсилоти ҳамагониву муассисаи томактабии ноҳияи Синои пойтахти кишвар (аз мутаносибан 43 ва 35 адад) бо барқ таъмин ҳастанд.
Бино бар таъйиди садорати маорифи шаҳри Душанбе, бархе аз макотиб, ҳарчанд таҳти реҷаи интиқоли маҳдуди барқ қарор гирифтаанд, бо гармии маркази гармидиҳии шаҳр таъмин мебошанд.
Дар бисёре аз макотиб усули нав таҷриба мешавад: аз ҳисоби муаллимон навбатдорон таъйин шудаанд, ки онҳо ҳангоми додани барқ (соати 5-и бомдод) кӯшиш мекунанд то саршавии дарсҳо (соати 8-и саҳар) синфхонаҳоро тавассути бухориҳои барқӣ гарм кунанд. Дар ҳамин ҳол, дар посух ба суоли он, ки чаро то ҳанӯз қарори қатъи дарсҳо дар макотиб ва эълони қарантина қабул нашудааст, дар ин садорат зикр намуданд, ки иштирок дар дарсҳо қаноатбахш аст. Дар инҷо гуфтанд, ки феълан ширкати хонандагон дар макотиб 90-92%-ро ташкил медиҳад ва агар ин рақам тақрибан 60-70 дарсад мебуд, имкон дошт аз қатъи машғулиятҳо ҳарф зад.
Дар тафсили мавзӯъ Ш. Исломов афзуд, ки мактабҳо манобеъи алтернативи таъмини гармӣ, аз ҷумла ботриҳои офтобӣ, мутобиқ нашудаанд, вале дар сохтмони макотиби нав дар оянда ин масоъил ба эътибор гирифта хоҳанд шуд. Дар охир сардори садорати маорифи шаҳри Душанбе чунин изҳори умедворӣ намуд: «Зимистони имсола барои мо дарси хубе дод, вале ман бар ин боварам, ки мо ин буҳронро пушти сар кардем, ва ба наздикӣ табиъат ҳама чизро ҷобаҷо хоҳад гузошт».
XS
SM
MD
LG