Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арзёбии мубориза бо қочоқи инсон дар Вена


Ҳомиёни ҳуқуқи башар, ҳунармандони маъруф ва мансабдорони СММ мегӯянд, "девори хомӯшӣ", ки қурбониҳои қочоқи инсонро иҳота кардааст, ба решакансозии ин рӯйдод халал мерасонад.
Суханронҳои аввалин конфронси байналмилалии серӯза бахшида ба мубориза бо қочоқи инсон, ки дирӯз дар шаҳри Вена ифтитоҳ ёфт, даъват намуданд, ки бадномсозии қурбониҳои қочоқи инсон хотима ёбад ва соҳибкорони муттаҳам бо қочоқи инсон бойкот шаванд.
Дар ин анҷумани зери парчами СММ наздик ба 1200 намояндаи ҳукуматҳо, созмонҳои ғайридавлатӣ, коршиносон, соҳибкорон ва қурбониҳои қочоқи инсон аз 116 кишвари олам ҳузур доранд.
XS
SM
MD
LG