Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои Амният вазъи Косоворо баррасӣ мекунад


Раиси Шӯрои Амнияти СММ Рикардо Алберто Ариас изҳор намуд, ки рӯзи панҷшанбеи 14-уми феврал ҷаласаи Шӯрои Амният барпо мешавад, ки дар он Сербия нигарониҳояш аз эъломияи мунтазираи истиқлоли вилояти ҷудоихоҳи Косоворо матраҳ хоҳад кард.
Тахмин мешавад, рӯзҳои оянда вилояти Косово, ки дар он аксариятро албанитаборон ташкил медиҳанд, истиқлолаш аз Сербияро эълон мекунад. Русия ва Сербия талаб кардаанд, ки барои арзёбии ин масъала ҷаласаи фавқулодаи Шӯрои Амнияти СММ доир шавад.
Ҳамчунин аз эҳтимол дур нест, ки имрӯз дар ҷаласаи ҳукумати Сербия чораҳои хос бар зидди истиқлоли Косово аз ҷумла муҷозоти кишварҳое, ки истиқлоли Косоворо эътироф мекунанд, андешида шаванд.
Дирӯз Сергей Лавров вазири корҳои хориҷии Русия бори дигар изҳор намуд, ки эътирофи истиқлоли Косово амали нодуруст аст.
Дар айни замон Лавров иброз дошт, ки дар иртибот бо истиқлоли Косово бар зидди кадом кишваре таҳрим ҷорӣ карданӣ нест.
XS
SM
MD
LG