Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ихтилофи Русияву ИА оид ба Косово боқӣ мемонад


Русияву Иттиҳодияи Аврупо (ИА)дар мавриди мақоми Косово боз ҳам ба мувофиқа нарасиданд. Дар ин бора Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия баъди музокирот бо ҳайати сегонаи ИА дар Словения хабар дод. Лавров гуфт, ки ҳанӯз ҳам имкони дарёфти мусолиҳа миёни Белград ва Приштина мавҷуд аст. Ҳамзамон ӯ афзуд, ки дар сурати эълони якҷонибаи истиқлол аз сӯи Косово Маскав дар баробари ИА аз чораҳои, ба истилоҳ, муҷозотӣ кор нахоҳад гирифт.

Русия ва Сербистон хостори даъвати нишасти оҷили Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ба хотири баррасии вазъи Косово шудаанд. Дирӯз Павле Еремович, сафири Сербистон дар СММ вазъи Косоворо “басо сангин” арзёбӣ карда буд. Мақомоти Косово эълом доштанд, ки рӯзҳои наздик ин минтақа аз ҳайати Сербистон берун хоҳад рафт.

XS
SM
MD
LG