Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳаҷми хисороти ворида аз сармои имсола ба воҳидҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои сокинони водии Рашт якчанд миллион сомонӣ арзёбӣ мешавад.

Масъулини раёсати соҳаи кишоварзии ноҳияи Рашт гуфтанд, танҳо дар худи ҳамин ноҳия, бар тибқи ҳисоботи муқаддамотӣ, ҳаҷми зарари сармо ба маҳсулоти кишоварзӣ, беш аз 1 миллиону 200000 сомонӣ ҳисобида шудааст. Як манбаъ дар бахши кишоварзии ноҳия афзуд, ки феълан дар ин маврид зарари эҳтимолии кишоварзони деҳаҳои дурдаст ба ҳисоб гирифта нашудааст.
Диловаршоҳ Эшонов, корманди раёсати кишоварзии ноҳияи Рашт, ба родиюи «Озодӣ» гуфт, ки дар робита ба вазъи пешомада як кумисюни махсус ташкил шудааст ва он бояд ҳаҷми хисоротро муайян намояд.
Ба гуфтаи ӯ, 1000 тонна картошкаи тухмӣ сармо хӯрда, бекор шудааст.
Таййибҷон Қандов, як кишоварзи маҳаллӣ, мегӯяд, акнун наздик ба 10 тонна картошка комилан қобили истифода нест. Ба гуфтаи ӯ, ба чунин сармои беназир аслан ягон кишоварзи соҳибкор омода набуд ва дар натиҷа ҳосили зиёд талаф шуд. Гузашта аз ин, сардиҳои бесобиқа ва хисороти расида содироти меваҷотро аз Рашт ба бозорҳои Душанбе ва соири нуқоти кишвар коҳиш дод ва дар натиҷа қимати ин маҳсулоти кишоварзӣ дар бозорҳои Тоҷикистон ба андозаи қобили таваҷҷуҳ боло рафтааст.
Ба гуфтаи кортаи коршиносон, дар сурати аз тарафи давлати кишвар ҷуброн нашудани ин зарар рушди ин соҳаи муҳимми иқтисоди ҷомиъаро барои соли оянда зери суъол хоҳад бурд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки алорағми ин ҳама сардиҳо хоҷагиҳои кишоварзии водии Рашт кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳанд, ки ҳосили боқимонда талаф нашавад.
XS
SM
MD
LG