Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афсонаи Сарез


Бархе аз мутахассисон Сарезро "Аждаҳои хуфта" унвон кардаанд
Бархе аз мутахассисон Сарезро "Аждаҳои хуфта" унвон кардаанд

Сарез – яке аз бузургтарин кулҳои Бадахшон бо захоири беш аз 17 миллиард метри мукааб оби софи ошомиданӣ, 97 сол пеш бар асари як заминларзаи шадид ва лағжиши куҳпораи азим пеши рудхонаи Мурғоб арзи вуҳуд кардааст.

Оби босуръат ҳамъшуда нахуст 54 хонаводаи маҳалро ба коми хеш кашида, танҳо пас аз 3 сол аз зери сарбанди табиӣ, ки Усой ном гирифт, барои худ роҳ кушодааст. Бо ҳамин хатари лабрез шудани кулро худи табиат аз байн бардошт, аммо ба ақидаи мутахассисон, эҳтимолияти рахнашавии сарбанди Усой ҳамеша мавҷуд аст.

Аз ин рӯ агар сайёҳоне, ки аз Сарез дидан мекунанд, аз зебоии кул ба ваҷд омада, онро "Нозанини хуфта" номидаанд, аммо бинобар мавҷудияти хатароти эҳтимолӣ мутахассисон Сарезро "Аждаҳои хуфта" унвон кардаанд.

Муъовини сардори ситоди ҳолатҳои фавқуллъодаи Бадахшон Гулшан Насиллоев изҳор дошт, дар сурати рахнашавии сарбанд мавҷи об пас аз 22 дақиқа ба деҳаи наздиктарин, ки Барчидев ном дорад, мерасад. Вай гуфт, оби сарозершудаи омехта бо ҷинсҳои куҳӣ дар минтақа ба ҳаёти 38 ҳазор ва тахминан беш аз 5 миллион сокинони фаромазии рудхонаи Ому, ки Тоҷикистон, қисмате аз Афғонистон, Узбакистон ва Туркманистонро дар бар мегирад, таҳдид мекунад.

Пайдоиши ин кули афсонавӣ дар ривоёти мардуми маҳал бо рангҳои гуногун бозтоб ёфтааст. Яке аз онҳоро, ки шабеҳи поёнии қиссаи молу сарват ва айшу ишрати «тоҷикони навбаромад» аст, муйсафеди 82 сола, сокини деҳаи Рошорв Сарӣ Шералишоев нақл кард. Вай гуфт, сокинони Сарез мардуми бою бадавлат буданд, ҳар рӯз тую сур баргузор менамуданд ва ҳатто ба хотири идомаи базм лухтакҳоро ба ҷои арусу домод қарор додаанд. Аммо як дарвешро ба ғайр аз як пиразан дигар касе сарпаноҳ надодааст ва ба ғазаби Худо гирифтор шуда, зери об мондаанд.

Дар ҳамин ҳол ҳодисаи кандашавии порае аз сарбанди Усой ва афтодани он ба об, ки соли 1987 рух дода, боиси якбора то 17 метр боло рафтани мавҷҳои об шудааст, бори дигар таваҷҷуҳи мутахасссионро ба эҳтимолияти хатароти Сарез ва чораҳои пешгирии аз онҳо ҷалб намудааст. Сокини куҳансоли деҳаи Нисури ноҳияи Рушон Зарик Ғуломшоев, ки зиёда аз 20 сол дар Сарез кор карда, шоҳиди кандашавии куҳпораи Усой будааст, гуфт, садои баланд ба гуш расиду мавҷҳои кул якбора боло хестанд, қаиқҳоро, ки дар хушкӣ буданд бурд, аз арғамчин доштам, то қаиқҳоро боз дорам, аммо арғамчинро аз дастам рабуд.

Зарик мегуяд, вай суханони як геологи русро ҳамеша дар ёд дорад, ки пас аз муроқибати кул гуфтааст, ки Сарезро табиат ба вуҷуд овардааст ва кай вақте худи табиат хоҳад бо дастони худ онро боз рахна хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол тибқи итилоъи манбаъҳои расмӣ, таи солҳои охир Бонки умумиҷаҳонӣ, Оҷонсии Швейсарӣ оид ба Рушд, ФОКУС-и Амрико барои иҷрои корҳои чораҳои пешгирии хатари эҳтимолӣ муодили 4 миллион доллари амрикоӣ ихтисос доданд. Идораи роҳсозии Бадахшон мегуяд, ки онҳо таи солҳои охмр 5 километру 200 метри роҳи навро ба сӯи кул сохта ба истифода дода, то Сарез 18 километр боқӣ мондааст.

Дар кули Сарез таҷҳизоти навтарини огоҳкунӣ аз хатар васл гардидааст. Ҳамчунин дар барои сокинони 30 маҳаллоти аҳолинишин, ки дар роҳи ҳаракати об дар сурати рахна задании кул қарор доранд, нуқтаҳои огоҳкунӣ аз хатар ва бунгоҳҳои махсус барои сарпаноҳ ёфтан ва буду боши якҳафтаина муаҳҳаз бо хайма, курпаву болишт, ангиштсанг, меваи хушк таъсис дода шудаанд.

Дар ҳамин ҳол як мутахассиси маҳаллӣ дар нишасти илмӣ-амалӣ бахшида ба рушди минтақа лоиҳаи тавассути лулуҳои обгузар интиқол додани оби софи ошомидании Сарезро барои бароварда сохтани ниёзи сокинони шаҳрҳои калони мамолики Осиёи Марказӣ пешниҳод кард. Вай гуфт, дар ҳоле, ки оби соф дар баробари нафт қиммат пайдо кардааст ва Русия тарҳи баргардони оби рудхонаҳои Сибирро ба мақсади ба даст овардани фоидаи иқтисодӣ дар сурати мавриди истифода қарор гирифтани ин об аз ҷониби кишварҳои ниёзманд ба об амалишаванда медонад, таваҷҷуҳ ба Сарез чун манбаи оби соф аҳамияти беш аз пеш пайдо мекунад.

Масъулини «Помирэнержӣ» дар минтақа мегуянд, дар поёнии сарбанд як неругоҳи барқӣ бо иқтидори зиёда аз 50 ҳазор киловатт сохтан мумкин аст, ки аз он метавонад сокинони Тоҷикистон, Афғонистон ва шимоли Покистон истифода кунанд.

XS
SM
MD
LG