Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати боз се сарбози афғон дар Мусо-Қалъа


Бар асари инифиҷори бам дар канори низомиёни афғон дар вилояти Ҳилманд, воқеъ дар ҷануби Афғонистон се сарбоз кушта ва се тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Раиси волусволии Мусо-Қалъа Абдул Салом гуфт, ки ин ҳодиса як рӯз баъд аз ҳамлаи афроди ношинос ба манзили ӯ сурат гирифтааст. Бар асари он ҳамла ба касе осеб нарасидааст. Абдул Салом, фармондеҳи собиқи Толибон аст, ки баъди таҳти неруҳои неруҳои ҳукуматӣ қарор гирифтани Мусо-Қалъа раиси ин волусволӣ таъин шудааст.

XS
SM
MD
LG