Пайвандҳои дастрасӣ

Порлумони Тоҷикистон дар иҷлоси худ ба қонуни конститутсионии кишвар «Дар бораи додгоҳи Қонуни асосӣ» ислоҳот ворид кард.

Тарҳи ин ислоҳот бо ҳадафи густариши салоҳият ва ваколатҳои додгоҳи Қонуни асосӣ аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон таҳия ва барои тасвиб ба порлумон пешниҳод шудааст. Бар асоси ислоҳоти ворида, шумори ниҳодҳое, ки ҳаққи муроҷиат ба ин додгоҳро доранд, аз 14 то ба 25 афзудааст.
Ислоҳоти ворида бо қонуни констититусионии Тоҷикистон дар бораи Додгоҳи Қонуни асосиро Ҳизбулло Хоҷаев, раиси Додгоҳи Қонуни асосии ин кишвар муҳим ва ҷиддӣ арзёбӣ кард. Оқои Хоҷаев, ки тарҳи ислоҳоти мазкурро дар баробари вакилони Маҷлис ташреҳ мекард, гуфт, ки дар асоси ин ислоҳот салоҳият ва ваколатҳои додгоҳи Қонуни асосӣ бештар шуда ва ҳамзамон маҳдудиятҳои мавҷуда барои фаъолияти ин ниҳод аз байн бурда мешавад.
Раиси додгоҳи Қонуни асосии Тоҷикистон афзуд, ки дар пайи ин ислоҳот минбаъд куллияи шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд барои ҳифз ва риъояти ҳуқуқҳои конститутсионии аз тарафи ин ва ё он ниҳод нақз шудаи худ ба таври мустақим ба ин додгоҳ муроҷиъат кунанд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки қаблан шаҳрвандон метавонистанд чунин ҳақро танҳо дар сурати радди даъво ё норизоятӣ аз қарори ин ва ё он ниҳод ба даст оваранд. Аз тарафи дигар, бар асоси ин ислоҳот, минбаъд додгоҳи Қонуни асосӣ ҳуқуқ дорад, ки бидуни муроҷиъати ниҳод ё шаҳрванд бевосита ба баррасӣ ва ё арзёбии ин ва ё он санади ҳуқуқӣ, қарор ва ё қонуни алоҳида, ки аз сӯи ҳукумат ва порлумон ба тасвиб расидааст, бипардозад. Дар қонуни амалкунанда додгоҳи Қонуни асосӣ аз чунин ҳуқуқ маҳрум аст ва танҳо баъди муроҷиъат метавонист ба баррасии қазия бипардозад.
Ба гуфтаи Ҳизбулло Хоҷаев, раиси додгоҳи Қонуни асосӣ, аз ин ба баъд додгоҳи мазкур метавонад бо ташаббуси худ ба арзёбӣ ва баррасии масоъиле даст бизанад, ки ба раъйпусӣ гузошта мешавад.
Дар ҷараёни баррасии тарҳи ислоҳот ба қонуни Додгоҳи асосӣ Сайдулло Хайруллоев, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ба ин додгоҳ вогузоштани имконияти арзёбии масоъил ва асноди ҳуқуқии ба ҳамапурсӣ пешниҳодшавандаро мухолиф бо қонуни асосӣ талаққӣ кард.
Аммо раиси додгоҳи Қонуни асосӣ иддаъо намуд, ки ин амалия дар таҷрибаи ҳамаи кишварҳои пешрафта ҷорист ва қарор аст дар вақтҳои наздик ба бархе аз қавонини кишвар ислоҳот ворид карда шавад.
Дар ҳамин ҳол, бархе аз соҳибназарони масоили ҳуқуқ ислоҳоти ворида ба қонуни додгоҳи Қонуни асосиро барои таҳкими низоми додгоҳиву мустақилияти он ва ҳамчунин барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон муфид арзёбӣ карданд.
Қонун дар бораи додгоҳи Қонуни асосии Тоҷикистон соли 1995 қабул шуда, баъдан борҳо мавриди ислоҳот қарор гирифтааст. Аз ҷумлаи ислоҳоти ба он ворида дар соли 2003 сурат гирифтаааст, ки дар натиҷаи он додгоҳ аз бештари салоҳиёт ва ваколатҳои худ маҳрум карда шуд. Дар давоми соли 2007 аз сӯи ин додгоҳ ҳамагӣ 4 парванда мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
XS
SM
MD
LG