Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пулис марги Патаркатсишвилиро тафтиш мекунад


Пулиси Бритониё сабабҳои марги миллиардер ва сиёсатмадори гурҷӣ Бадрӣ Патаркатсишвилиро тафтиш хоҳад кард. Як тан аз масъулини пулис ба хабаргузориҳо гуфтааст, ки "Патаркатсишвили ба таври ногаҳонӣ аз дунё даргузаштааст ва ин шубҳабарангез аст". Тавре хабар дода будем, ёвари Бадрӣ Патаркатсишвили дар сӯҳбат ба хабаргузориҳо марги сиёсатмадор ва тоҷири маъруфро бо хуруҷи бемории қалб марбут карда буд.

Бадрӣ Патаркатсишвили яке аз довталабони курсии раиси ҷумҳури Гурҷистон дар интихоботи ахири президентӣ буд. Мақомоти Гурҷистон ӯро дар талоши ташкили кудатои давлатӣ ва сармоягузории гирдиҳамоиҳоии эътирозии аҳзоби мухолиф дар моҳи ноябри соли гузашта муттаҳам мекарданд. Ӯ ин иттиҳомро қатъӣ рад мекард. Баъд аз саркӯб шудани гирдиҳамоиҳо дар рӯзи 7 ноябри соли гузашта Патаркатсишвили дар Бритониё ва Исроил бар сар мебурд. Ӯ сарватмандтарин фарди Гурҷистон маҳсуб мешуд ва гуфта мешавад, ки сармояи худро дар солҳои 90-уми қарни гузашта дар ҳамкорӣ бо Борис Березовский, мунаққиди имрӯзаи Кремл ҷамъ оварда буд.

XS
SM
MD
LG