Пайвандҳои дастрасӣ

Хабарнигорони CBS озод карда хоҳанд шуд


Намояндаи раҳбари шиаҳои ифротгарои Ироқ Муқтадо Ас-Садр изҳор кард, ки дар робита ба озод кардани ду хабарнигори шабакаи телевизиониии CBS-и Амрико бо одамрабоён созиш ҳосил шудааст. Дар ин бора раҳбари дафтари Ас-Садр дар шаҳри Басра Ҳориқ Ал-Идҳорӣ хабар дод ва аммо аз ошкор кардани ҷузъиёти бештар худдорӣ намуд.

Қаблан иттилоъ дода мешуд, ки хабарнигорон рӯзи якшанбеи гузашта аз сӯи афроди мусаллаҳи ниқобпӯш аз як меҳмонсарои Басра рабуда шудаанд.

XS
SM
MD
LG