Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарнигорон гуруснанишиниро қатъ карданд


Гурӯҳи кормандони ширкати давлатии садову симои Қирғизистон, ки истеъфои раиси кулл Мелис Эшимхоновро талаб доштанд, имрӯз гуруснанишиниро қатъ карданд. Дар ин амали эътирозӣ, ки ду ҳафта идома кард, 20 тан аз кормандони садову симо ширкат намуданд. Онҳо иддао мекарданд, ки баъди раҳбари ширкати давлатӣ таъин шудани Эшимхонов таъқиби хабарнигорони дигарандеш шурӯъ шуд ва пахши барномаҳои нав қатъ гардид.

Ба хотири ҳалли низоъ комиссиюни ҳукуматӣ таъсис ёфт. Ба иттилоъи хабарнигори Радиои Озодӣ, раҳбарони ширкати давлатии садову симо ба кормандони норозӣ ваъда доданд, ки қарордод бо онҳо тамдид карда хоҳад шуд ва тасмим дар мавриди қатъи барномаҳои нав ҳам таҷдиди назар мешавад.

XS
SM
MD
LG