Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Журналисти тоҷик даргузашт


Шаби дирӯз, 12 феврал, пас аз маризии тӯлонӣ сармуҳаррири нашрияи порлумонӣ "Садои мардум" аз дунё даргузашт. Бобоҷон Абдулвоҳидов дар синни 55-солагӣ дар шаҳри Душанбе дунёро падруд гуфт. Ӯ имрӯз дар пойтахт ба хок супурда мешавад.
Бобоҷон Абдулвоҳидов соли 1953 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шуда буд. Пас аз хатми факултаи журналистикаи ДДМТ дар нашрияҳои гуногун кор карда буд. Ба "Садои мардум" соли 1991 омад ва аз соли 1998 сармуҳарририи онро бар дӯш дошт.
XS
SM
MD
LG