Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Венесуэла аз ҳамкорӣ бо Exxon Mobil даст кашид


Венесуэла судури нефт ба Exxon Mobil Corp-ро мутаваққиф намуда, таъкид кардааст, ки ин ширкат аз азият кор мегирад. Ин иқдоми Венесуэла баъди пирӯзии Exxon Mobil дар баҳс бо ширкати давлатии нефти Венесуэла: Petroleos de Venezuela ба амал омад. Додгоҳҳои байналмилалӣ ҳукм баровардаанд, ки наздик ба 8 миллиард еврои ширкати Венесуэла мунҷамид гардад.
Соли 2007-ум президенти Венесуэла Ҳуго Чавес саҳми давлат дар соҳаи нефти ин кишварро афзоиш дода, якчанд ширкати ғарбиро ба беруншавӣ аз Венесуэла водор намуд.
XS
SM
MD
LG