Пайвандҳои дастрасӣ

Белград аз Шӯрои Амният баҳси Косоворо хостааст


Сафири Сербия дар СММ аз Шӯрои Амният дархост намудааст, ки имрӯз як ҷаласаи фаврӣ гузаронида, эълони дер боз мунтазираи истиқлоли Косоворо баррасӣ намояд. Ба қавли Павле Евремович чунин эъломия хилофи созиш дар мавриди ин устони ҷудоиталаби Сербия мебошад.
Дар вилояти Косовои Сербия албанитаборон аксариятро ташкил медиҳанд. Ба гуфти Евремович тибқи қарори СММ аз соли 1999 маъмурияти Косово ба дасти СММ ва нерӯҳои паймони Нато вогузор шудааст.
XS
SM
MD
LG