Пайвандҳои дастрасӣ

Маскаву Киев миёнаравҳоро барканор намуданд


Президенти Русия Владимир Путин мегӯяд, Русияву Украина дар баҳси бозгардони қарзи гази табиӣ усулан ба мувофиқат расиданд.
Ширкати давлатии Газпроми Русия таҳдид карда буд, ки агар Киев 1,5 миллиард доллар қарзашро напардозад, Газпром содироти газ ба Украинаро 25 % коҳиш медиҳад.
Путин баъди мулоқот бо президенти Украина Виктор Юшенко гуфт, Газпром пешниҳоди Киевро пазируфт ва ба зудӣ созише дар ин маврид ба имзо мерасад.
Дар ин бора Юшенко гуфт:
"Мо ба мувофиқат расидем, ки сар аз рӯзи панҷшанбе Украина бозгардони қарзҳои дар моҳҳои ноябру декабри соли гузашта пайдо шударо оғоз намояд."
Юшенко илова кард, ки кишвараш мисли соли гузашта 1000 метри мукааб гази табииро ба маблағи 179 доллар харидорӣ хоҳад кард.
Баъди музокирот Газпром эълон кард, ду ширкати миёнарав дар хариду фурӯши гази табиӣ, ки боиси авҷ гирифтани баҳс шуда буданд, аз ин муомила барканор мешаванд.
Ба ҷои ширкатҳои Росукрэнерго ва Укргазэнерго ширкатҳои зери назорати Газпром ва ширкати давлатии Украина бо унвони Нафтогаз истифода хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG