Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Юшенкову Путин масъалаи газро баҳс карданд


Раисиҷумҳури Украина Виктор Юшенко имрӯз дар Маскав бо Владимир Путин мулоқот кард. Ин музокирот дар ҳоле сурат гирифт, ки ширкати “Газпром”-и Русия таҳдид кардааст, дар ғайри сурати пардохтани қарзаш тавзеъи газ ба Украинаро қатъ хоҳад кард. “Газпром” қарзи Украинаро ҳудуди 1,5 миллиард доллар баровард кардааст, вале ширкати украинии “Нафтогаз” ин рақамро радд мекунад.

Юшенко пеш аз оғози музокироташ бо Путин гуфт: “Албатта, масъалаҳое ҳаст, ки мо бояд онҳоро алоҳида баррасӣ кунем. Ин масоил шояд хеле ҳассос ҳам бошанд. Аммо мо барои чунин муколама омода ҳастем.”

Имрӯз, пеш аз мулоқоташ бо Юшенко, Владимир Путин ба тарҳи қонуне имзо гузошт, ки истифодаи ду радари низомӣ дар Украинаро мутаваққиф мекунад. Парлумони Русия ин қонунро моҳи гузашта қабул кард ва муовини вазири дифоъи Русия Николай Панков гуфтааст, ин иқдом посухи мустақим ба талошҳои Украина аст, ки мехоҳад ба паймони низомии НАТО бипайвандад.

XS
SM
MD
LG