Пайвандҳои дастрасӣ

Қатли Алишер Соибовро аз дигар таҳқиқ мекунанд


Вазири умури дохилаи Қирғизистон Молдомӯсо Қонғантиев имрӯз гуфт, дар робита ба қатли хабарнигори мустақил Алишер Соибов таҳқиқоти ҷадид ба роҳ андохта мешавад. Вай афзуд, ки ахиран дар робита ба ин куштор маълумоти тоза ба даст омадааст. Вазири дохилаи Қирғизистон гуфт: “Мо бояд ин ҷиноятро боз кунем. Вагарна ин бар обрӯи ом нахоҳад афзуд. Ман ба шумо ваъда медиҳам , ки ин парвандаро таҳти назорати шадид гирифта, барои боз шуданаш тамоми саъйу кӯшишро ба харҷ бидиҳам.”

Алишер Соибов дар Ӯши Қирғизистон маҷаллаеро бо забони узбакӣ бо номи “Сиёсат” нашр мекард, ки нисбат ба давлати кунунии Узбакистон назари интиқодӣ дошт.

Алишер Соибов шоми 24 октябр дар ҳавлии идораи маҷаллааш бо ду тири туфанг кушта шуд.

XS
SM
MD
LG