Пайвандҳои дастрасӣ

Амрикову Эрон дар Ироқ музокира хоҳанд кард


Вазири хориҷаи Ироқ Ҳушёр Зиборӣ имрӯз дар Маскав гуфт, даври навбатии музокироти миёни мақомоти Амрикову Эрон пиромуни мавзӯъи амният дар Ироқ то чанд рӯзи дигар рӯи даст гирифта хоҳад шуд. Чунин мулоқотҳо байни мақомҳои амрикоиву эронӣ тайи соли гузашта чанд навбат доир шуд.

Вошингтон Эронро дар таъмини чирикиҳо бо силоҳ ва тамрини гурӯҳҳои шибҳанизомии ироқӣ - муттаҳам, аммо Теҳрон ин иттиҳомро радд мекунад.

Ҳушёр Зиборӣ ҳамчунин изҳори итминон кард, ки сафари раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ба Ироқ дар моҳи март сурат хоҳад гирифт. Аҳмадинажод нахустин раиси ҷумҳурии Эрон аст, ки ба Ироқ сафари расмӣ анҷом хоҳад дод.

XS
SM
MD
LG