Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Қазоқистон МИГ-29 суқут кард


Суқути ҷангандаи сохти русии МИГ-29 дар наздикии шаҳри Алма-Атои Қазоқистон мунҷар ба ҳалокати халабони ин ҳавопаймо шудааст. Ин сониҳа рӯзи сешанбе рух дод.

Вазорати дифоъи Қазоқистон мегӯяд, ин ҷанганда ҳавопаймои тамринӣ буда, дар пойгоҳи ҳавоии Жетиған парвози озмоишӣ анҷом медод. Ба гуфтаи ин вазорат, ҳарду халабон тавонистаанд худро аз дохили ҳавопаймо берун афкананд, вале танҳо якеи онҳо ҷон ба саломат бурдааст. Таҳқиқи қазия идома дорад.
XS
SM
MD
LG