Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

SOS: Кӯлоб бонги изтироб мезанад!


Кӯлоб, тирамоҳи соли 2007
Кӯлоб, тирамоҳи соли 2007

Кӯлоб – шаҳри аз ҷиҳати нуфус севуми кишвар – пешорӯи фоҷиъаи эколожӣ қарор дорад! Ин ҳушдори масъулини шаҳр аст.

Бар тибқи иттилоъи расмӣ, дар ин шаҳр бар асари сармоҳои шадид ва адами нерӯи барқ беш аз 90% лӯлаҳои оби ошомиданӣ ва партоби ташнобҳо кафида, корношоям шудааст. Исмон Ризмонов, раиси идораи обу корезии шаҳр, мегӯяд, бо ҳамин иллат сокинони шаҳр бо оби ошмиданӣ таъмин нестанд.
Дар ҳамин ҳол, журналисти маҳаллӣ Аҳмади Иброҳим дар бастагӣ ба ин мавзӯъ ба таъкид мегӯяд: «Мо танҳо дар кӯчаи марказии Исмоили Сомонӣ 7 нуқтаеро мушоҳида кардем, ки оби ошомиданӣ бо оби ташноб якҷо мешорад. Ҳамаи ин об каме гарм шавад, ба хонаҳои мардум меравад. Дар дигар кӯчаҳои шаҳрто 40 нуқтаиобшориродучоромадем».
Ин ҳам дар ҳолест, ки масъулини шаҳр гуфтаанд, баробари гармшавии ҳаво, ки яхҳо об мешаванд, хатари дар шаҳр сар задани амрози сироятии фарогир бармалост. Онҳо перомуни домана, табларза, сил ва ҳатто вабо ҳарф мезананд.
Вале, ба қавли Сафаралӣ Раҷабмадов, пеши роҳи ин амрозро касе гирифта наметавонад: «Хатар чист? Агар гармтар шавад, албатта, микробҳои амрози сироятӣ дар оби ошомиданӣ пайдо мешаванд. Ин ногузир аст ва танҳо худо медонад, ки илоҷи ин кор дар куҷост...»
Кӯлоб, феврали соли 2008
Ва дар мавриде, ки ҳатто масъули шумораи яки ҳифзи сиҳҳати мардум дар Кӯлоб танҳо ба худо умед дорад, интиқоли барқ ба шаҳр боз ҳам маҳдудтар шудааст. Бар тибқи иттилоъи Саид Атоев, раиси Ҷамъияти сиҳомии Шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб, ҳамакнун интиқоли барқ аз 80 мбт то 20 мбт коҳиш ёфтааст.
Бурҳон Сафарӣ, хабарнигори маҳаллӣ, хабар медиҳад, ки ҳамакнун дар шаҳри Кӯлоб бархе аз амрози сироятии махуф, ки усулан марази мавсими гармоанд, мушоҳида шудааст. Оқои Сафарӣ афзуд, феълан дастикам ду тан аз сокинони шаҳр бо ташхиси домана бистарианд. Теъдоди маризони сил, ки ба сардӣ бастагӣ дорад, афзудааст. Зуком ё грипп бештар мушоҳида мешавад. Дар ҳоли ҳозир дар шаҳр ин амроз бештар ба қайд гирифта шудааст.
Ба иттилоъи Пирмад Зарипов, ҷонишини раиси ҳукумати шаҳри Кӯлоб, дар 10 бинои баландошёнаи истиқоматии шаҳр лӯлаҳои оби ошомиданӣ ва ташноб комилан ях баста, кафидаанд, ва сокинони шаҳр пешорӯи мушкилоти зистмуҳитӣ мондаанд.
Дар ҳамин маврид ҳукумати шаҳри Кӯлоб барои рафъи хатар расман аз қушуни 201–и артиши русии мустақар дар Кӯлоб дархост карда аст, то барои бо оби ошмиданӣ таъмин кардани аҳолии беш аз 100000-нафара боз 2 мошини низомӣ ҷудо кунанд. Дар ҳоли ҳозир 6 мошини обгир ҳамарӯза барои аҳолӣ об мекашанд.
Хабаргузориҳои маҳаллӣ перомуни хатари сарзанишу густариши вабо бонги изтироб мезананд. Вале масъулини соҳаи беҳдошту тандурустии шаҳр ба суоли хабарнигори РО перомуни мавзӯъ ё телефонҳои худро хомӯш мекунанд ва ё тақрибан як посух мегӯянд: «Мо ҳуқуқи ба ин суол ҷавоб гуфтан надорем, бубахшед» ва ё «Ман чизе гуфта наметаовнам...»
Ба иттилоъи расмӣ, аз 34 лӯлаи марказӣ то имрӯз танҳо 16-тоашро тармим кардаанд. Ва аммо ба иттилоъи комрандони обу корезии шаҳр, онҳо бо иллати набуди барқ наметавонанд ҳамаи лӯлаҳоро тармиму кафшер кунанд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки Исмон Ризмонов, сардори идораи фаръии «Обу ташноб»-и шаҳри Кӯлоб, ба хабаргузориҳио маҳаллӣ гуфтааст, ки 90% қубурҳои оби нӯшокӣ ва ташноби мавҷудаи шаҳр аз сармо ях баста кафидаанд ва то фарорасии гармӣ, агар тармиму поккорӣ нашаванд, ахлоти дар қубурҳо ях баста, об шуда, ба лӯлаҳои оби ошомиданӣ мерезанд, ки ин, бидуни шакк, барангезандаи бемориҳои сироятӣ мешаванд.
Баҳри рафъи хатар феълан дар назди ҳукумати шаҳр як ситоди вежа, ки шомили мутахасисини соҳаи хидматрасонии маъишӣ ва тиббист, ба кор шурӯъ кардааст.
Лозим ба ёдоварист, ки бар тибқи иттилоъи расмӣ, бо иллати фурӯ рехтани партобҳои ташноб ба лӯлаҳои оби ошмиданӣ дар соли 1996 дар шаҳри Кӯлоб эпидемия сар зада буд, ки бар асари он беш аз 10 000 кас мубтало ба доманаву табларза шуд ва бар асари он 106 нафар фавтид.
XS
SM
MD
LG