Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазъи гуштии озод дар Тоҷикистон


Маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш» аз студияи Радиои Озодӣ дар шаҳри Душанбе тақдими шумо мегардад.

Барномаи навбатӣ бо муҳимтарин хабарҳои варзишии ҷаҳон шурӯъ шудааст.

Барои сохтмони 243 иншооти олимпӣ ва рушди шаҳри Сочи – мизбони Бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2014 – дар тӯли се соли наздик анқариб 81 миллиард рубл масраф хоҳад шуд. Ин нукта дар ҷаласаи Шӯрои назди раисиҷумҳури Русия оид ба варзиш, омодагӣ ва баргузории Олимпиадаи зимистонаи соли 2014, ки ахиран дар Сочи баргузор шуд, таъкид гардид.

Тими миллии Русия ба унвони қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи ҳоккей бо тӯб дар соли 2008 даст ёфт. Мунтахаби Русия дар бозии ниҳоӣ бар тими миллии Шветсия бо натиҷаи 6 бар 1 пирӯз шуд. Воқеъан, соли гузашта низ дар бозии ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон тими Русия бар дастаи Шветсия ғалаба карда буд, вале бо натиҷаи 3 бар 1.

Федеросиюни байналмилалии таърих ва омори футбол рейтинг ё феҳристи нави беҳтарин бошгоҳҳои футболи ҷаҳонро нашр кард. Дар ин феҳрист тими «Севиля»-и Испониё дар мақоми аввал қарор гирифтааст. Ду тими Инглистон – «Манчестер Юнайтед» ва «Челси» мувофиқан ҷойҳои дувуму севумро касб кардаанд. Миёни даҳ тими беҳтарини ҷаҳон, инчунин «Милан»-и Итолиё, «Бока Хуниорс»-и Аргентина, «Интер» ва «Рома»-и Итолиё, «Сантос»-и Бразил, «Барселона»-и Испониё ва «Ливерпул»-и Инглистон шомиланд. Вале, мутаассифона, то ҳоло ягон бошгоҳи футболи Тоҷикистон ба феҳристи беҳтарин бошгоҳҳои футболи ҷаҳон дохил нашудааст.

Меҳмонони барнома:

Фотеҳ Мухторов, мураббии маъруфи гуштии озод ва Азиза Қориева, барандаи ҷавоизи мусобиқоти қитъавию ҷумҳуриявӣ дар риштаи тенниси рӯи миз.

Фотеҳ Мухторов: «Бовар дорам, паҳлавони маъруф Юсуф Абдусаломов, ки Тоҷикистонро дар Олимпиадаи Пекин намояндагӣ хоҳад кард, натиҷаи баланд ба даст меорад. Ба андешаи ман ӯ имкон дорад, ки соҳиби медали олимпӣ шавад.»

Азиза Қориева: «Барои он ки маҳорати теннисбозони мо баланд шавад, онҳо бояд дар мусобиқоти байналмилалӣ ҳарчи бештар ширкат карда, таҷоруби хуби бозӣ касб намоянд. Вале, мутаассифона, ба иллати набуди маблағ мо имкон надорем, ки дар бисёр мусобиқоти байналмилалӣ ширкат варзем.»

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG