Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси Кумитаи умури хориҷаи Конгресси Амрико даргузашт


Том Лантош, раиси Кумитаи равобити хориҷии Маҷлиси намояндагони Амрико ва танҳо шахсе, ки дар Конгресс чун бозмондаи Ҳолокост шинохта мешавад, имрӯз дар синни 80-солагӣ даргузашт. Вай аз дарди саратон азият мекашид. Вай дар хонаводаи яҳудиҳо дар Будапешт таваллуд шудааст. Вақте нозиҳои олмонӣ вориди Маҷористон шуданд, вай 16 сол дошт ва ба сахтӣ тавонист ду дафъа аз урдугоҳҳои кории нозӣ фирор кунад. Қабл аз ба ИМА кӯч бастанаш дар пайи ҷанги дуюми ҷаҳон вай ба ҳаракати фаъолони зиддинозӣ ҳамроҳ шуд. Соли 2007 Лантош дар Кумитаи умури хориҷии Конгресс тамоми талошашро ба харҷ дод, то ки масъалаи куштори ҷамъии арманиҳо дар ҷанги якуми ҷаҳон аз ҷониби туркҳои усмонӣ чун қатли ом арзёбӣ шавад. Ин тадбире буд, ки мухолифатҳои шадиди Туркияро ба бор овард.

XS
SM
MD
LG