Пайвандҳои дастрасӣ

Yahoo пешниҳоди Microsoft-ро рад кард


Мақомоти ширкати интернетии Yahoo расман пешниҳоди ширкати Microsoft барои ба маблағи 45 миллиард доллар харидорӣ кардани ин ширкатро рад карда гуфтанд, ки ин миқдор маблағ басанда набудааст. Таҳлилгари молӣ гуфтанд, ки интизор меравад, ки ширкати харидор қиматро боло бурда ба ширкати Yahoo пешниҳоди нав кунад. Гуфта мешавад, ширкати мазкур бо қимати 56 миллиард доллар розӣ мешавад пешниҳоди Microsoft-ро бипазирад. Талоши ин ширкати бузургтарини компеютерӣ дар ҳолест, ки ширкати Yahoo саҳмияҳои худро дар бозор ва даромадҳои бузургро аз таблиғот дар баробари ширкати Google аз даст медиҳад.
XS
SM
MD
LG