Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мулло Умар гуфт, ҷангиёни Толибон хатар надоранд


Раҳбари Толибон иддао кардааст, ки ҷангиёни исломӣ ба давлатҳои хориҷӣ хатар эҷод намекунанд ва аз ҳамин хотир аз шаҳрвандони давлатҳои узви НАТО даъват мекунад, ки болои ҳукуматҳои худ фишор оваранд, то ки аз Афғонистон берун шаванд. Як сухангӯи Толибон ба нақли қавл аз Мулло Умар гуфт, ки нирӯҳои амрикойӣ дар Афғонистон ноком шуданд ва аз ҳамин хотир, Пентагон ба давлатҳои дигари узви НАТО фишор меорад, ки нирӯҳои худро ба Афғонистон фиристанд.

XS
SM
MD
LG