Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия наздики 13 миллиард доллар қарзи Ироқро бахшид


Русия розӣ шуд, ки 12,9 миллиард доллар қарзи Ироқро бахшад. Иқдоми мазкур чун талоши Русия барои мусоидати минбаъда ба фаъолияти ширкатҳои русӣ дар хоки Ироқ арзёбӣ мешавад. Хабаргузориҳои русӣ иттилоъ доданд, ки ин миқдор маблағ 93 дар сади куллия қарзҳои Бағдодро дар баробари Маскав ташкил медиҳад ва тавофуқи бахшиши ин қарзҳо дар ҷараёни сафари вазири хориҷаи Ироқ Ҳушёр Зеборӣ ба пойтахти Русия ҳосил шудааст.

XS
SM
MD
LG