Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гейтс ҷонибдори таваққуфе дар берункашии нирӯҳо аз Ироқ аст


Вазири дифои Амрико Роберт Гейтс гуфт, ӯ ҷонибдори ин ақида аст, ки баъди анҷоми марҳилаи беруншавии 30 ҳазор нирӯ аз хоки Ироқ дар моҳи июл, ин барнома муддате боздошта шавад. Зимни мулоқоташ бо ҳайати фармондеҳии нирӯҳои амрикойӣ дар Ироқ имрӯз дар Бағдод вай гуфт, ки алорағми коҳиши қобили мулоҳизаи хушунатҳо дар моҳҳои охир, вазъи Ироқ ҳанӯз ҳам заъиф боқӣ мемонад. То моҳи июли соли ҷорӣ шумори нирӯҳои амрикойӣ дар Ироқ бояд дар ҳудуди 130 ҳазор нафар қарор гирад.
XS
SM
MD
LG