Пайвандҳои дастрасӣ

Иванов ба мухолифати истиқлолияти Косово таъкид кард


Муовини аввали нахуствазири Русия Сергей Иванов ҳушдор дод, ки эъломи якҷонибаи истиқлолияти Косово барои Аврупо баробар бо як фоҷеа хоҳад буд. Зимни суханрониаш дар нишасти амниятии 44-уми Мюнҳен вай гуфт, ки Маскав хоҳони ин аст, ки ҳама чиз дар чаҳорчӯби қавонини байналмилалӣ анҷом шуда, барои дигар манотиқ чун намунаи ҷудоихоҳӣ хизмат накунад. Истиқлолияти Косоворо ИМА ва аксар давлатҳои Иттиҳодияи Аврупо пуштибонӣ мекунанд, дар ҳоле, ки Русия, муттафиқи наздики Сербистон, ба ин чиз мухолиф аст.

XS
SM
MD
LG