Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пирӯзиҳои Расул Боқиев дар Порис


Паҳлавони тоҷик Расул Боқиев дар давраи аввали Ҷоми олии ҷаҳонӣ оид ба гушти дзюдо дар Фаронса байни ҳафт нафар беҳтарин гуштигирони ҷаҳон ҷойгир шуд.

Ин мусобиқа бо ширкати зӯртарин паҳлавонони беш аз 50 кишвари ҷаҳон дар шаҳри Порис тӯли ду рӯз идома кард. Тоҷикистонро дар Ҷоми олии ҷаҳонӣ се нафар - Расул Боқиев, Шералӣ Бозоров ва Неъматулло Асронқулов – намояндагӣ карданд.

Расул Боқиев, барандаи медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон, дар байни 65 нафар ширкаткунандагони рақобатҳо дар вазни то 73 килограмм байни мардон мақоми ҳафтумро соҳиб шуд. Вай нахуст бар Самир Исмоилов, аз Озарбойҷон ва Чи Ронгронг, аз Чин, дастболо шуда, баъдан аз Коен Сликс, аз Белгия, мағлуб гардид. Сипас ӯ Микоил Ремилин, аз Фаронса ва Киоши Юметсуро, аз Испониё, шикаст дод. Вале дар рақобат барои дарёфти медали биринҷӣ аз қаҳрамони ҷаҳон Ванг Ки Чун мағлуб гардид.

Дар ин вазн Сергий Тома, аз Молдова дар сабқати ниҳоӣ бар Ронал Гиронес Саго, аз Куба, ғолиб омада, мақоми аввалро касб кард. Ринат Иброҳимов, аз Қазоқистон ва Коен Сликс, аз Белгия, дар ҷойҳои севвум қарор гирифтанд.

Вале ду паҳлавони дигари тоҷик дар нахустин рақобатҳои худ шикаст хӯрда, аз идомаи мубориза маҳрум шуданд. Шералӣ Бозоров дар вазни то 81 кг аз гуштигири Швейтсария Христоф Келлер ва Неъматулло Асронқулов дар вазни то 90 кг аз намояндаи Фаронса Винсент Массимино мағлуб гардиданд.

Дар вазни то 81 кг Алибек Башкаев (Русия) дар ҷои аввал, Георгий Бандурашвили (Гурҷистон) дар ҷои дуввум, Эвен Бартон (Бритониёи Кабир) ва Алан Шмитт (Фаронса) дар ҷойҳои севвум қарор гирифтанд.

Дар вазни то 90 кг Ҳасанбӣ Таов (Русия) ҷои аввал, Рамзиддин Саидов (Узбакистон) ҷои дуввум, Зафар Маҳмадов (Русия) ва Давид Аларза (Испониё) ҷойҳои севвумро ишғол карданд.

Ширинҷон Мамадсафоев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, дар айни ҳол гуштигирони тоҷик ба давраи дуввуми Ҷоми олии ҷаҳонии дзюдо, ки 16-ум ва 17-уми феврал дар Австрия баргузор мешавад, омодагӣ мебинанд. Оқои Мамадсафоев афзуд, ҳадафи аслии ширкати гуштигирони тоҷик дар мусобиқоти байнулмилалӣ ба даст овардани роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии соли 2008 дар Пекин мебошад.

XS
SM
MD
LG