Пайвандҳои дастрасӣ

Талошҳои Украина барои ҷилавгирӣ аз қатъи интиқоли газ


Мақомоти ширкати давлатии гази Украина имрӯз дар Маскав ба сар мебаранд, то ки дар лаҳзаи охир ширкати "Газпром"-и Русияро аз кӯшиши қатъи интиқоли газ ба ин кишвар боздоранд. Ҳафтаи гузашта ширкати "Газпром" гуфт, ки дар сурати то таърихи 11 феврал пардохт нашудани яку ним миллиард доллар қарзи Украина дар баробари Русия, ҷараёни интиқоли газ қатъ мешавад. Аксари захоири газ ба Украина аз Осиёи Марказӣ тавассути Русия интиқол мешавад. Русия гуфтааст, ки масрафкунандаҳои аслии газ дар Аврупо аз чунин ҷараёнҳо зарар нахоҳанд дид. Баҳси навбатии гази миёни Киеву Маскав сафари рӯзи сешанбеи раиси ҷумҳурии Украина Виктор Юшенкоро ба Маскав сояафкан мекунад.
XS
SM
MD
LG