Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти Тоҷикистон натоиҷи сафари раисҷумҳури Тоҷикистон ба Эронро барои рушди иқтисод самарабахш ва муфид арзёбӣ карданд.

Абдуфаттоҳ Шарифов - котиби матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, зимни ин сафар як қатор созишномаҳои ҳамкорӣ миёни ду давлат ба имзо расид, ки шароитро ҷиҳати ҳарчи зудтар ба анҷом расонидани бархе аз мувофақаҳои қаблӣ фароҳам кардааст. Оқои Шарифов аз нерӯгоҳи «Сангтӯда-2»- тарҳи муштараки Тоҷикистону Эрон дар ҷануби ин кишвар, ки бо сармоягузории Эрон қарор буд, то соли 2011 бунёд шавад ном бурд, ки бо дархости давлати Тоҷикистон Эрон розӣ шудааст, мӯҳлати анҷоми онро то 2 сол коҳиш бидиҳад.

Аммо новобаста аз дастовардҳои сафари ҳайати давлати Тоҷикистон ба Эрон, бархе аз коршиносон бо таваҷҷӯҳ ба дидор ва мулоқоти руасои ҷамоҳири Русия ва Ӯзбакистон ва имзои чандин асноди ҳамкорӣ ва ба вижа имзои созишнома дар мавриди баҳрабардории захоири обии минтақаи Осиёи марказӣ, бар ин боваранд, ки мусофирати раисҷумҳури Тоҷикистон як навъи посух ба наздикшавии Русия ва Ӯзбакистон аст. Зеро, мегӯянд ин коршиносон, имзои мувофақаи Русия ва Ӯзбакистон бар сари наҳваи истифодаи захоири оби Осиёи марказӣ як санади сиёсӣ аст, ки дар он қасдан манофеи кишварҳои соҳиби ин захира ва махсусан Тоҷикистон сарфи назар шудааст. Ва Тоҷикистон дар чунин вазъи пешомада роҳе ба ҷуз аз пуштибонӣ ё ҳадди аққал ҷалби пуштибонӣ аз кишвари соҳибнуфузи дигари минтақа надорад.

Қосими Бекмуҳаммад - таҳлилгари тоҷик дар умури минтақа мӯътақид аст, дар чунин шароите, ки давлат ва мардуми Тоҷикистон дар баробари бӯҳрони шадиди энержӣ оҷизӣ мекашад ва аз дигар сӯ қаробати ахири Русия ва Ӯзбакистон як навъи фишанги фишороварӣ талаққӣ мешавад, мусофирати раисҷумҳури Тоҷикистон ба Эронро метавон ҳамчун ҷустуҷӯи роҳи ҳалл арзёбӣ кард.

Аммо бархе дигар аз коршиносон ин эҳтимолро баъид намедонанд, ки Тоҷикистон ба ҳайси миёнарав барои наздик овардани равобит бо Русия талош дорад, аз Эрон истифода кунад. Зеро дар чанд вақти ахир дар расонаҳои русӣ аз сардии равобити Тоҷикистону Русия матолиб ба нашр мерасад. Ва бахусус бо номзади Кремл интихоб шудани Дмитрий Медведов ба ҷойи Владимир Путин дар раъси давлати Русия, ки зимни яке аз суханрониҳояш эълом карда буд, барои тарҳҳои энержии Тоҷикистон ва аз ҷумла сохтмони неругоҳи Роғун аз буҷаи Русия сармоягузорӣ нахоҳад шуд, мақомоти Тоҷикистонро нигарон кардааст. Ва ин ҳам дар ҳолест, ки мақомоти кишварҳои ҳамсояи Туркманистон ва Ӯзбакистон дар шароити ногувор ва бӯҳронии давлати Тоҷикистон интиқоли нерӯи барқ ба ин кишварро бо далоили номаълум коҳиш дода ва дуввумӣ комилан мутаваққиф кардааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки бархе дигар аз коршиносон бо ишора ба эъмоли фишор ва маҳдудиятҳо болои рӯҳониён, тахриби бархе аз масоҷид ва тангсозии фазои муносиби адои фароизи динӣ дар Тоҷикистон аз сӯи давлат мегӯянд, гумон аст, ки ҳама таваққӯъоти мақомот аз сӯи як кишвари исломӣ бароварда шавад.

Аз сӯи дигар, бар асоси омори расмӣ ҳаҷми гардиши коло миёни ду кишвари Эрон ва Тоҷикистон рӯ ба афзоиш ниҳода ва дар соли гузашта 137 милион долларро ташкил додааст, ки ин рақам дар қиёс бо як соли қаблӣ ду баробар бештар будааст. Мақомоти Эрон ҳамчунин гуфтаанд, барои анҷоми корҳои сохтмонӣ дар нақби Истиқлол дар гарданаи Анзоб, ки аз сӯи як ширкати эронӣ сурат мегирад, 5 млн доллар кӯмаки ройгон хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG