Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷавонони босавод, аммо фақиру бекору мариз


Созмони Милал мегӯяд, ҷавонони муосир босаводтарин ҷавонон дар таърихи инсониятанд, аммо чун пештара дар панҷаи фақр ва бекорӣ қарор доранд.

Дар гузориши тозаи Созмони Милал доир ба вазъи ҷавонон дар соли 2007 гуфта мешавад, феълан ҷавонон 18 дар сади аҳолии курраи Заминро ташкил медиҳад. Яъне, теъдоди онҳо ба як миллиарду 200 миллион нафар мерасад, ки 24 дар сади аҳолии қобили кор дар саросари ҷаҳонро ташкил медиҳад.

Муаллифони гузориш, ки онро ба тозагӣ дар сафҳаи интернетии Созмони Милал нашр кардаанд, мегӯянд, як хатари умда ба ҷавонони кишварҳои Муштаракулманофеъ, қораи Африқо ва Аврупои Шарқӣ бемории норасоии масунияти бадан (ВИЧ СПИД) мебошад. Бар асоси омор, 80 дар сади гирифторони бемории норасоии масунияти бадан дар кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва мамолики Шӯравии собиқ, аз ҷумла Тоҷикистон ҷавонони то 30-сола мебошанд. Дар Укроин 25 дар сади гирифторони бемории мазкур камтар аз 30 сол доштаанд.

Мутахассисони Созмони Милал мегӯянд, дар аксари кишварҳои ҷаҳон, бештари бекоронро ҷавонон ташкил медиҳанд. Дар кишварҳои Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ тақрибан 34 дар сади ҷавонон кору таҳсил мекунанд. Таври маълум, бекории густурда гиребонгири ҷавонони тоҷик низ ҳаст ва садҳо ҳазор нафар аз ҷавонони тоҷик барои таъмини худу хонаводаҳояшон барои кор ба Русия мераванд.

Созмони Милал аз раҳбарону сиёсатмадорони ҷаҳон хостааст, барои беҳбуди вазъи ҷавонон имконоти дастрасии онҳо ба таҳсили муносибро фароҳам созанд. Барои кор пайдо кардани онҳо, махсусан барои ҷавонони осебпазир кумак кунанд. Ҷиҳати аз байн бурдани камбизоатии ҷавонон худи онҳоро барои иҷрои барномаҳои рафъи камбизоатӣ ҷалб кунанд.

Тибқи омори расмӣ, бештар аз 60 дар сади аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд ва ҷавонони тоҷик мегӯянд, ки ҳукумати кишвар аз ҷалби ҷавонон ба сафи худ парҳез мекунад ва барои ҳалли мушкили онҳо кӯшиши чандоне ба харҷ намедиҳад.

XS
SM
MD
LG