Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумони Туркия – тарафдори иловаҳо ба сарқонун


Толори иҷлоси порлумони Туркия
Толори иҷлоси порлумони Туркия

Дар мавриди раъйдиҳии ниҳоӣ оид ба ворид кардани тағйироту иловаҳо ба сарқонуни Туркия 441 нафар аз 550 вакили он мувофиқат намуданд.

Бино бар ин иловаҳо, кулли ниҳодҳои давлатӣ, аз ҷумла донишгоҳҳо, бояд ба ҳама ашхос баробар бархӯрд кунанд ва аз ин ба баъд ҳеҷ касро (танҳо ба сабабҳои дар қонун муайянгашта) дигар намешавад аз таҳсил маҳрум намуд.
Ин ислоҳотро Ҳизби ҳокими Туркия “Адолат ва тараққиёт” дар ҳамоҳангӣ бо ҳизби мухолифи “Ҷунбиши миллӣ” ба порлумон пешкаш намуда буд ва ин пешниҳод зимни нахустин овоздиҳии парлумони Трукия ба тасвиб расид.
Ҳамин тариқ ҳукумати исломгарои нахуствазир Реҷеп Таййип Эрдуғон акнун бояд лоиҳаи ислоҳот ба қонун дар бораи таҳсили олии кишварро таҳия кунад, то бархе аз маҳдудиятҳои мавҷуда бартараф шаванд.
Бо вуҷуди ин ҳизби умдаи мухолифин “Ҳизби ҷумҳурии мардумӣ” тасмим гирифт ба додгоҳи конститусионӣ муроҷиат намуда, кӯшиш кунад ба тасвиби ислоҳот монеъ шавад.

Дар охирин муроҷиаташ раҳбари гуруҳи парлумонии ин ҳизб Камол Анадол ба вакилони порлумон ҳушдор дода буд, ки аз тасвиби ислоҳот худдорӣ кунанд, чунки ин иқдом, ба қавли ӯ, ба бенизомӣ дар ҷомиъа хоҳад овард.
Ин ҳам дар ҳолест, ки даҳҳо ҳазорон нафар дар маркази шаҳри Анкара бо нишони эътироз ба ин ислоҳот гирдиҳам омадаанд. Яке аз ширкаткунандагони тазоҳурот Абдулло Гулен гуфт: «Ҳукумат бо Туркия бозиҳои шарирона мекунад. Барои ҳамин ҳам мо дар инҷо ҷамъ омадаем, то ба ин бозиҳои зиёновар хотима бахшем”.
Ҳафтаи гузашта низ чунин ҳамоиш бо ширкати даҳҳо ҳазор нафар баргузор шуда буд. Ҳукумат дар посух далел меоварад, ки бо сабаби маҳдудиятҳо теъдоди зиёди духтарон ба омӯзиш дастрасӣ надоранд. Ин гоми нахустин дар самти исломигардонии ҷомиъаи кишвар аст. Натиҷаҳои назарсанҷиҳои оммавӣ ҳокии онанд, ки аз се ду ҳиссаи мардуми Туркия бекорсозии маҳдудиятҳоро дастгирӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG