Пайвандҳои дастрасӣ

Дар намоишгоҳи байнулмилалии ПродЭкспо-2008, ки дар Маскав оғоз ёфт, Тоҷикистонро шаш корхонаи коркарди мева ва сабзавот намояндагӣ мекунанд.

Ин корхонаҳо КММ “Шарбатҳо” ва ҶММ “Иттиҳодияи илмӣ-истеҳсолӣ” (собиқ Гули Кӯҳсор”) аз шаҳри Душанбе ва ҶСП “Корхонаи консервбарории Ҳасанов”, ҶММ “Элита-Истаравшан”, ҶММ “Нек” ва гурӯҳи “Нур” аз вилояти Суғд мебошанд.

Понздаҳумин намоишгоҳи байнулмилалии саноати хӯрока ва нӯшока - ПродЭкспо-2008 то 15 феврал идома ёфта, бо мусоидати ҳукумати шаҳри Маскав ва Палатаи тиҷорат ва саноати Русия доир мешавад. Иштироки корхонаҳои Тоҷикистон дар бузургтарин намоишгоҳи маҳсулоти хӯрока дар ҳудуди собиқ Шӯравӣ, ки намояндагони беш аз 60 кишвари ҷаҳонро гирд овардааст, бо кӯмаки молӣ ва фаннии Оҷонсии олмонии ҳамкории фаннӣ (GTZ) ва Маркази байнулмилалии тиҷорат (ITC) имконпазир гардидааст.

Бо назардошти ниёз ба вуруди сареътар ба бозори кишварҳои дигар, қабл аз ҳама Русия ва Қазоқистон, иштироки корхонаҳои Тоҷикистон дар чунин як намоишгоҳ барои ин корхонаҳо имконоти хуби муаррифии маҳсулоти худ ва дарёфти харидорон ва ҳамкорони нав дар хориҷ аз кишварро фароҳам меовардааст.

Маттиас Ҳалдер, раҳбари лоиҳаи «Дастгирии соҳибкории хурду миёна дар Тоҷикистон» (GTZ) бар ин назар аст, ки намоишгоҳ барои корхонаҳои Тоҷикистон имкони хубест, то маҳсулоти худро ба доираи васеъи истеъмолкунандагон дар Русия, Аврупои Шарқӣ ва Ғарбӣ нишон бидиҳанд. Ба қавли ӯ, ин намоишгоҳ имкон медиҳад, то корхонаҳои Тоҷикистон бо ширкатҳои хориҷӣ робитаҳои мутақобилан судманд барқарор намоянд ва ҳамзамон, бино бар рақобати шадид дар бозорҳо онҳоро ба чолиш мекашад.

Аз ҷониби корхонаҳои Тоҷикистон намудҳои гуногуни маҳсулот барои намоишгоҳ омода шудааст, ки ба гуфтаи Саидмӯъмин Камолов, раҳбари лоиҳаи Маркази байнулмилалии тиҷорат дар Тоҷикистон, ба корхонаҳои Тоҷикистон имкони воқеъии пешбурди тиҷорати худ дар бозорҳои беруна, дарёфти шарикони нави тиҷоратӣ ва роҳҳои нави фурӯшро фароҳам меорад.

XS
SM
MD
LG