Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Р. Гейтс: Ифротгароии исломӣ хунсо нашудааст


В. Путин ва Р. Гейтс, Мюних, 10-уми феврал баъди анҷоми конфронс

В. Путин ва Р. Гейтс, Мюних, 10-уми феврал баъди анҷоми конфронс

Рӯзи дувум аст, ки Анҷумани ҷаҳонии масоъили амниятӣ дар Мюнихи Олмон идома дорад.

Дар рӯзи дувуми ин бузургтарин ҳамоиши мақомоти баландпояи амниятӣ ва дифоъии ҷаҳон, Роберт Гейтс, вазири дифоъи Амрико, изҳор намуд, ки ҷомиъаи кишварҳои Аврупоро лозим аст бахши муҳимми муборизаи ҷаҳонӣ алайҳи террор будани амалиёти паймони низомии НАТО дар Афғонистонро дарк кунанд: “Ҳоло ман мехоҳам дар тақвият ба гуфтаҳои бисёре аз муттаҳидинамон дар ин қорра мустақиман ба мардуми Аврупо муроҷиъат кунам. Таҳдид аз сӯи ифротгароии ҷангҷӯёнаи исломӣ таҳдиди воқеъист. Ва ин таҳдид ҳанӯз хунсо нашудааст”.
Роберт Гейтс афзуд, ки ихтилофи назар дар ин масъала паймони НАТО-ро бо хатари таҷзия шудан ба ду ҷиноҳ рӯбарӯ карда, метавонад боъиси ҳатто фурӯпошии ин паймон шавад. Вазири дифоъи Амрико гуфт, нокомии НАТО дар Афғонистон метавонад ифротгароёни исломиро рӯҳбаланд кунад.
Феълан бештар аз нисф аз 43 000 сарбози нерӯҳои байнулмилалии кумак ба амнияти Афғонистонро, ки таҳти фармондеҳии НАТО амал мекунанд, сарбозони амрикоӣ ташкил медиҳанд. Кишварҳои Аврупо, аз ҷумла Олмон, таҳти фишори муттаҳидини худ дар ин паймони низомӣ, аз ҷумла Вошингтон, қарор доранд, то бар шумори нерӯҳои худ дар Афғонистон биафзоянд.
Роберт Гейтс вуҷуди ҷангиёни «Толибон» ва «ал-Қоъида» дар сарзаминҳои қабиланишини шимоли ғарбии Покистонро зимнан як таҳдид ба давлати кунунии Исломобод низ унвон кард.
Аммо муовини сарвазири Русия Сергей Иванов дар анҷумани Мюних алайҳи эъломи якҷонибаи истиқлолияти Косово ҳушдор дод ва иддаъо кард, ки ин амал сарпӯши, ба истилоҳ, сандуқи Пандора ё худ бушки борут дар қорраи Аврупоро боз хоҳад кард. Сергей Иванов ҳамзамон хостори шурӯъи музокироти ҷадид роҷеъ ба назорат ва коҳиши силоҳи ҳастаӣ таҳти назари Амрико ва Русия шуд: “Мо ҷонибдори муқобила ба ин чолиш тавассути таъсиси паймонҳои нави низомӣ ва ё интихоби роҳи мухолифати ошкор бо ҳамкорони худ нестем”.
Дар анҷумани Мюних ҳудуди 400 коршинос ва мақомҳои баландпоя аз тақрибан 50 кишвари ҷаҳон ширкат доранд. Дар ин анҷуман, аз ҷумла, раисиҷумҳури Гурҷистон Михаил Саакашвили, сарвазири Туркия Речеп Эрдуғон, раҳбари Сербистон Борис Тадич ва раиси ожонси байнулмилалии назорат бар нерӯи атомӣ Муҳаммад Бародаӣ ширкат ва суханронӣ карданд.
XS
SM
MD
LG