Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мергани амрикоии қотил маҳкум шуд


Бар пояи ҳукми додгоҳи низомии ИМА як сарбози амрикоии мерган ё худ снайпер барои куштори як шаҳрванди осоиштаи Ироқ ба муддати даҳ сол аз озодӣ маҳрум шуд.
Сержант Эван Вела бо куштори бидуни тарҳрезии пешакӣ ва додани маълумоти қалбакӣ муҷрим дониста шуд. Ҳодиса моҳи маи гузашта дар шаҳри Искандарияи ҷануби Ироқ ба вуқӯъ пайваста буд. Вакили мудофиаи Вела иброз дошт, ки ҳангоми куштор сарбози зери ҳимояташ аз камхобӣ ва фишори асабонӣ азият мекашид.
XS
SM
MD
LG