Пайвандҳои дастрасӣ

Маскав зидди истиқлоли Абхозистону Осетияи Ҷанубӣ


Муовини аввали сарвазири Русия Сергей Иванов мегӯяд, Маскав нақша надорад, дар муқобили эътирофи истиқлоли вилояти Косово аз тарафи кишварҳои ғарбӣ кӯшишҳои истиқлоли манотиқи ҷудоихоҳи Абхозистон ва Осетияи Ҷанубии Гурҷистонро дастгирӣ намояд.
Иванов илова кард, Маскав тасмим нагирифтааст, як рӯз пас аз эълони соҳибистиқлолии Косово истиқлоли ду минтақаи ёдшудаи Гурҷистонро ба расмият шиносад.
Русия мухолифи соҳибистиқлолии Косово мебошад ва меафзояд, ки эътирофи соҳибистиқлолии ин минтақаи ҷудоихоҳи Сербия намунаи хатарнок барои саросари олам аст.
XS
SM
MD
LG