Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гейтс: Дар Ироқ нишонаҳои мусолиҳа таҳким меёбанд


Вазири мудофиаи ИМА Роберт Гейтс мегӯяд, кӯшишҳои мусоҳилаи раҳбарони сиёсии Ироқ нишонаҳои пешрафт доранд, вале барои таҳкими назму суботи ин кишвар қабули қарорҳои душвор зарур хоҳад буд.

Аснои сӯҳбат бо хабарнигорон, ки дирӯз ҳамроҳ бо Гейтс ба Ироқ рафта буданд, вазири мудофиаи ИМА гуфт, тасвиби қарори афв яке аз намунаҳои чунин пешрафт аст. Гейтс тасмим гирифтааст раҳбарони ироқиро ба тасвиби санадҳои муҳим, ба монанди тақсими қудрат дар байни ҳукуматҳои марказиву маҳаллӣ, ташвиқ намояд.

Гейтс дар зиёфате бо сарвазири Ироқ Нурӣ Ал-Моликӣ, фармодеҳи нерӯҳои ИМА дар Ироқ генерал Дейвид Петреус ва сафири Вашингтон дар Бағдод Райан Крокар иштирок кард.
XS
SM
MD
LG