Пайвандҳои дастрасӣ

Украина хостори қарордоди мустақим бо Газпром шуд


Украина гуфтааст, омода ҳаст дар сурати аз қарордодҳои баъдӣ берун овардани ширкатҳои миёнрав ҳама қарзи аз гази табии Русия ҷамъшударо ба он кишвар бипардозад.

Ин изҳороти Киев дар ҳоле садо медиҳад, ки як ҳайъат аз Украина барои баррасии масъала ба Маскав рафтааст.

Ширкати Газпроми Русия қарзи Украина аз ин ширкатро 1,5 миллиард доллар ҳисоб кардааст.

Ҷониби Украина гуфтааст, қарордоди нав бояд мустақиман бо худи Газпром имзо шавад, на тавассути ширкатҳои миёнраве, ки ба назари Киев, пули газро ба ҷайби худ меандозанд.

Газпром пештар ҳушдор дода буд, ки дар ғайри сурати пардохти қарзаш, тавзеъи газ ба Украинаро аз рӯзи сешанбе, 12 феврал қатъ мекунад.

XS
SM
MD
LG