Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ал-Қоида дар Ироқ заъифтар шудааст


Мақомҳои низомии Амрико дар Ироқ мегӯянд, асноди кашфшуда ҳокист, ки бархе раҳбарони шабакаи Ал-Қоидаро хатари заъиф шудани ин гурӯҳи террористӣ дар ҳарос андохтаст.

Муаллифи яке аз номаҳои кашфшуда менависад, ки ӯ замоне ба 600 разманда фармондеҳӣ мекард, вале баъди он ки “раҳбарони қабоил мавзеъгирии худро тағйир доданд”, танҳо 20 нафар пеши ӯ монд. Ин ишораи фармондеҳи Ал-Қоида ба таҳавулоти ахир дар Ироқ аст, ки бино ба хабарҳо, раҳбарони бисёре аз қабилаҳои сунниҳои ироқӣ аз идомаи муборизаи мусаллаҳона алайҳи нирӯҳои Амрико даст кашидаанд.

XS
SM
MD
LG