Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз як ҷангии Ҳамос кушта шуд


Дар асари ҳамлаи ҳавоии артиши Исроил як ҷангии марбут ба гурӯҳи Ҳамос дар минтақаи Рафоҳи навори Ғаза кушта шуд.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи шанбе дар асари партоби мушакҳои фаластинӣ ду исроилӣ, аз ҷумла як наврас захмӣ шуданд.

Навори Ғаза феълан таҳти назорати гурӯҳи ҷангҷӯи Ҳамос қарор дошта, амалан ба ташкилоти худгардони Фаластин ва раҳбари он Маҳмуд Аббос итоат намекунад.

XS
SM
MD
LG