Пайвандҳои дастрасӣ

Аҳмадинажод моҳи март ба Ироқ меравад


Бино ба хабари расмии Теҳрон, раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод қасд дорад дар таърихи 19 март ба Ироқ сафар кунад. Вазири хориҷаи Эрон Манучеҳри Муттакӣ ин хабарро имрӯз дар Теҳрон эълон кард.

Вазорати хориҷаи Ироқ ҳанӯз моҳи гузашта гуфта буд, Аҳмадинажод барои анҷоми дидори расмӣ аз Ироқ ризоият додааст, вале ҳанӯз таърихи сафар мушаххас нашудааст.

XS
SM
MD
LG