Пайвандҳои дастрасӣ

"Маскав паймони нави низомӣ сохтанӣ нест"


Дар анҷумани масоили амниятии ҷаҳон дар Мюнихи Олмон Сергей Иванов, муовини сарвазири Русия хостори азсаргирии музокирот роҷеъ ба назорат ва коҳиши силоҳҳои ҳастаӣ таҳти назари Амрикову Русия шуд. Вай ҳамчунин гуфт, Маскав қасди таъсиси паймонҳои нави низомиро надорад.

Вазири дифоъи Амрико Роберт Гейтс дар ин ҳамоиш хостори мушорикати бештари кишварҳои Аврупо дар амалиётҳои паймони низомии НАТО дар Афғонистон шуд.

Анҷумани Мюних рӯзи дуввум аст, идома дорад.

XS
SM
MD
LG