Пайвандҳои дастрасӣ

Сергей Мандреко ёвари Рашид Раҳимов таъйин шуд


Сергей Мандреко, зодаи шаҳри Қӯрғонтеппа ва шаҳрванди Австрия, ёвари Рашид Раҳимов, сармураббии тими футболи “Локомотив”-и Маскав таъйин шудааст. Сергей Мандреко дар поёни солҳои ҳаштодум ва авоили солҳои навади асри гузашта ҳамроҳ бо Рашид Раҳимов дар тими футболи “Помир”-и Душанбе бозӣ мекард. Аз соли 1992 ва то соли 2004, яъне тӯли 13 сол Сергей Мандреко дар тимҳои маъруфи Австрияву Олмон, аз ҷумла дар “Рапид”-и Вена ва “Ҳерта”-и Берлин бозӣ кардааст. Ӯ ахиран муррабии як тими начандон маъруфи футбол дар Австрия буд.

XS
SM
MD
LG