Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Футболбози хуҷандӣ - номзад ба ду тими миллӣ


Гус Ҳиддинк, сармураббии тими миллии футболи Русия хостори ироаи шаҳрвандии Русия ба бозигари хатти дифоъии тими “Нюрнберг”-и Олмон Андреас Волф ва ҷалби ин бозигар ба ҳайъати тими миллии Русия шудааст. Гус Ҳиддинк Андреас Волфи 25-соларо яке аз номзадҳои аслӣ ба узвияти тими миллии футболи Русия ном бурдааст.

Андреас Волф соли 1983 дар Ленинобод ( Хуҷанди кунунӣ) таваллуд шуда, соли 1990 ҳамроҳ бо волидайнаш ба Олмон кӯчидааст. Худи Андреас Волф гуфтааст, агар ӯро ба ҳайъати тими миллии Олмон даъват накунанд, ӯ омода ҳаст дар ҳайъати тими миллии Русия бозӣ кунад. Ӯ гуфтааст, ки дар Ленинобод ба дунё омадааст ва аз ин рӯ, дар қалбаш муҳаббат ба ҳарду сарзамин ҷӯш мезанад.

Ва аммо дар тими “Нюрнберг” бар ин боваранд, ки Андреас Волф дар марҳалаи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Аврупо, ки тобистони ҳамин сол мегузаранд, ҳатман таҳти парчами Олмон бозӣ хоҳад кард, на дар ҳайъати тими Русия.

XS
SM
MD
LG