Пайвандҳои дастрасӣ

Теъдоди мӯътодон дар Тоҷикистон афзудааст


Бино бар омори расмии ожонси мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон, ки хабаргузории Азия Плюс нашр кардааст, феълан дар ин кишвар беш аз 8 600 мӯътоди маводи мухаддир расман сабти ном шудаанд. Бахши аъзами ин гирифторон, яъне 82 дарсад маводи сахттаъсири ҳероинро истеъмол мекардаанд. Соле пеш омори расмӣ шумори мӯътодони маводи мухаддир дар Тоҷикистонро 7 800 нафар баровард карда буд. Аммо оморҳои ғайрирасмӣ, шумори воқеъии чунин гирифторонро дар Тоҷикистон ба маротиб бештар аз омори расмӣ ҳисоб мекунанд.

Дар ҳар сурат, бино бар ҳисоби коршиносон, мӯътодон дар Тоҷикистон дар сол то 1 тонна маводи мухаддирро истифода мекунанд. Бо ин ҳол, маркази миллии мубориза бо AIDS (СПИД) гуфтааст, мегӯяд, дар Тоҷикистон 85 дарсади онҳое, ки маводи мухаддирро бо роҳи тазриқӣ истеъмол мекунанд, ба HIV (ВИЧ), вируси ангезандаи бемории AIDS низ печидаанд.

Тайи як соли гузашта теъдоди расмии мӯътодони маводи мухаддир ҳамин тавр дар шимоли Тоҷикистон низ афзудааст. Ба гуфтаи ожонсии мубориза бо маводи мухаддир, дар вилояти Суғд тайи соли 2007 боз 230 мӯътоди дигари маводи мухаддир сабти ном шудаанд.
XS
SM
MD
LG